ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Никол Пашинян рӯзи душанбе дар саҳифаи фейсбукияаш навиштааст, ки зӯроварӣ ва даъват ба он, бавижа хушунати мусаллаҳона, ба ҳеҷ ваҷҳ як роҳи амал буда наметавонад ва мухолифон бояд аз ҳама гуна амалҳои хушунатомез худдорӣ кунанд, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса.
Ахиран дар як тазоҳурот дар Ереван Эдуард Шармазанов, яке аз чеҳраҳои аслии аҳзоби мухолифи давлат гуфт: "Ҳатто як соати бештар ҳузури Пашинян дар сари қудрат, таҳдиди мустақим ба амнияти мо ва мардуми мост."
Ба дунболи тавофуқи Озарбойҷон ва Арманистон бар сари таваққуфи ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ки сешанбеи ҳафтаи гузашта бо назорати Русия ба имзои руасои се кишвар расид, эътирозҳо ба сарвазири Арманистон дар бархе аз шаҳрҳои ин кишвар, аз ҷумла Ереван шакл гирифт.
Эътирозгарон баъд аз имзои ин тавофуқ Пашинянро ба дурӯғгӯӣ, хиёнат ва куштори нерӯҳои арманӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор медонанд.
Бояд гуфт, ки Никол Пашинян дар соли 2018 дар як инқилоби мусолиматомез ба қудрат расида буд.