https://sputnik.tj/20201117/Murojiati-Rustami-Emomali-dar-Dushanbe-25-hazor-nihol-meshinonand-1032285280.html
Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд
Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ниҳолҳоро асосан дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва дигар мавзеъҳои муайянгардида мешинонанд 17.11.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-11-17T12:16+0500
2020-11-17T12:16+0500
2023-02-08T19:47+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102830/15/1028301552_0:36:960:578_1920x0_80_0_0_e596950e1f22755e8eac3f77db8242d1.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102830/15/1028301552_0:5:960:609_1920x0_80_0_0_9e5bce6e474a03fb5883deeb5aa7484c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дарахтшинонӣ, дар русия
дар тоҷикистон, дарахтшинонӣ, дар русия
Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд
12:16 17.11.2020 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ниҳолҳоро асосан дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва дигар мавзеъҳои муайянгардида мешинонанд
ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Дар Душанбе бештар аз 2,5 ҳазор бех ниҳол мешинонанд, гузориш медиҳад "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, дарахтонро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар пайи муроҷиатномаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ мешинонанд.
Дарахтони сӯзанбарг дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар мавзеъҳои муайянгардида шинонида хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, аллакай кормандони кумита бо иштироки раиси он дар хиёбони Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор карданд.
Қарори раиси Душанбе барои ниҳолшинонӣ: ҳар моҳ гузориш дода шавад
Пештар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор нақшаи ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2020 ва баҳори соли 2021 дар пойтахтро тасдиқ кард.
Бар асоси қарор, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва идораҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки ҳар моҳ ба раиси пойтахт дар бораи корҳои анҷомдодаашон ахбор пешниҳод намоянд.