ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз 54 миллиону 832 ҳазору 578 нафар то кунун дар саросари ҷаҳон 1 миллиону 324 ҳазору 689 нафар ҷон бохтаанд.
Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз вазъи вахими 98 ҳазору 827 нафар хабар дода мешавад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд аз вируси корона 38 миллиону 147 ҳазору 815 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Шабонарӯзи гузашта бори аввал аз оғози ҳамагирӣ дар Русия 22 ҳазор сироятшудаи нав ба COVID-19 -ро кашф карданд.
Дар 24 соати сипаришуда одамон бештар (қариб 252,7 ҳазор нафар) дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба КОВИД-19 сироят шудаанд.
Раиси Ҳукумати Русия, Михаил Мишустин боз як соли дигар, то 1 январи соли 2022 низоми содаи сабти доруҳо ва маҳсулоти тиббии муолиҷаи коронавирусро тамдид кард.
Дар ҳамин ҳол, донишмандон муайян кардаанд, ки ғубайрои мевасиёҳ 97% ва оби анор ва чойи сабз 80% фаъолнокии коронавирусро коҳиш медиҳанд.
Афшурдаи табиии меваҳо ва чойи сабз бино ба гуфтаи олимон қодиранд таъсири COVID-19-ро заиф кунанд, зеро онҳо дар таркиби худ полифенолҳои рустанӣ доранд, ки ба вирус таъсири манфӣ мерасонанд. Ин таҳқиқот ҳанӯз аз ҷониби ҷомеаи илмӣ арзёбӣ нашудааст.