Дар ҷазираҳои Канари Испания ярчи азим ба амал омад, мақомот истисно намекунанд, ки ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ҳам дошт, хабар медиҳад El Tambor.
Ҳодисаи мазкур дар ҷазираи Ла Гомера ба навор гирифта шудааст.
Дар навор рушан аст, ки чӣ гуна як қисми қуллаи тунук ба баҳр ғарқ мешавад, хоку санг роҳи соҳил ва мошинҳоро фаро мегирад. Қисми зиёди хок ба дарё лағжида мавҷи калонро дар наздикии соҳил ба вуҷуд овард.
Дар ҷои ҳодиса полис, наҷотдиҳандагон ва Салиби Сурх, ду чархболи Маркази ҳамоҳангсозии ҳолатҳои изтирорӣ ва амният кор мекунанд. Онҳо дар зери харобаҳо қурбониёни эҳтимолиро меҷӯянд.
Қайд карда мешавад, ки хок дар ин макон бениҳоят ноустувор аст ва хатари лағжиши такрорӣ вуҷуд дорад. Бо сабаби фурӯ рехтани роҳи мошингард, рафту омад ба соҳили Аргага, бандари Вуэлтас баста аст.
Ба ҷойи ҳодиса иштие бо сагҳои ҷустуҷӯӣ ва гурӯҳи наҷотбахшон сафарбар шудааст.