Омори охири гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники везут пациента в ковид-госпитале
Медицинские работники везут пациента в ковид-госпитале - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз дар кишвар 11 ҳазору 19 нафар аз коронавирус шифо ёфтанд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Генерал Навҷувонов писар ва ду ҷиянашро ба аскарӣ фиристод. Дигарон чӣ?

Манбаъ афзуд, дар маҷмуъ аз 30-юми апрел то 16 ноябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба  11 ҳазору 649 нафар расид.

Вазорати тандурустӣ таъкид намуд, ки аз шумораи умумии гирифторон то шоми имрӯз ҳудуди 94,6 дарсад шифо ёфтанд.

“Давоми шабонарӯзи охир  46 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 19  нафар баробар гардид”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон, тайи шабонарӯзҳои охир бетағйир монда, ҳамоно 85 ҳолатро ташкил медиҳад.

Таъкид шудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0