Ба қарибӣ: чиптаҳои парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистонро метавон онлайн харид

© Sputnik / Андрей Станавов / Гузариш ба медиабонкПассажирский самолет
Пассажирский самолет  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чиптаҳои парвозҳои чартерӣ ба Тоҷикистонро ҳанӯз ҳам аз нуқтаҳои расмии фурӯши ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Федератсияи Русия харидан мумкин аст ва ба наздикӣ фурӯши онлайнӣ низ ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, чиптаҳои парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод гузошта шуд.

Вывозной рейс  - Sputnik Тоҷикистон
Нархи билети ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон озод шуду, вале на камтар аз 395 евро

Ба иттилои манбаъ, чиптаҳоро аз нуқтаҳои расмии фурӯш, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шаҳрҳои гуногуни Русия ташкил кардаанд, харидорӣ кардан мумкин аст. Ҳамзамон, ин ниҳод аз зарурати оғози барвақти низоми фурӯши онлайнро таъкид кард.

"Бо сабаби набудани зарурат ба тартиб додани рӯйхати гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандони Тоҷикистон барои шомил шудан ба парвозҳои содиротӣ, кори комиссияҳои махсуси назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия боздошта мешавад", - илова кард Вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Қарори ба фурӯши озод баровардани чиптаҳо аз ҷониби ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемия  COVID-19 қабул карда шудаст.

Инчунин, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз нуқтаҳои расмии фурӯш чипта харанд ва аз хидмати шахсони бегона истифода набаранд.

Пассажирский самолет  - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Русия барқарорсозии парвозҳои мунтазамро баррасӣ карданд

Арзиши чипта барои парвозҳои яктарафаи бозгашт ба ватан (аз Русия ба Тоҷикистон) 395 евро мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми вуруд ба ҷумҳурӣ шаҳрвандон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи набудани коронавирусро пешниҳод кунанд. Ҳуҷҷат бояд на дертар аз 96 соат пеш аз омадан гирифта шуда бошад.

Ҳамзамон, ҳаракати мунтазами ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русия ҳанӯз барқарор нашудааст. Ҳафтаи гузашта мақомоти ду кишвар дурнамои эҳёи парвозҳоро баррасӣ карданд.

Сабти ном дигар нест: фурӯши озоду макони чиптахарӣ барои муҳоҷирон дар Русия эълон шуд

Зимни як мулоқоти онлайнӣ директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва роҳбари Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Александр Нерадко ташкили парвозҳои содиротӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Тоҷикистон, ҳамзамон ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи қобилияти ҳавопаймоҳоро баррасӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0