ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазифаҳои сарвазир тибқи моддаи 19 Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон" ба муовини аввали сарвазир Артём Новикови 33-сола вогузор карда шудааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Қаблан, Новиковро яке аз номзадҳо ба вазифаи иҷрокунандаи мансаби президенти Қирғизистон гуфта буданд. Сарвазири нав ҳамзамон аз сабқати президентӣ даст кашид ва гуфт, ки чунин мақсад надорад.
Содир Ҷабборов салоҳиятҳои сарвари ҳукуматро барои он муттавақиф кард, ният дорад ба унвони номзад ба мақоми президентӣ талош кунад.
Рӯзи шанбе, 14 ноябр, Ҷабборов барои ширкат дар интихоботи президентии Қирғизистон ариза дод. Интихоботи президентӣ 10 январи соли 2021 баргузор мешавад.
Артем Новиков кист?
Артем Эдуардович Новиков 13 январи соли 1987 дар шаҳри Фрунзе - Бишкеки имрӯза, пойтахти Қирғизистон таваллуд шудааст.
Тавофуқи Тоқаев ва Мирзиёев барои кумак ба Қирғизистон
Соли 2007 Донишгоҳи давлатии техникии Балтикаро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм кардааст.
Тӯли солҳои гуногун ӯ мушовири се сарвазир - Омурбек Бабанов, Ҷомарт Оторбоев ва Муҳаммадқалай Абилғозиев буд.
Моҳи майи соли 2017 вай мудири шӯъбаи таҳлили молиявию иқтисодӣ ва мониторинги рушди Дастгоҳи Президенти Қирғизистон таъин шуд.
Содир Ҷабборов номзадияшро барои дарёфти курсии президенти Қирғизистон гузошт
14 октябри соли 2020 ӯ муовини аввали сарвазири Қирғизистон шуд.
Пас аз он ки сарвазир Содир Ҷабборов ваколатҳои худро то муайян кардани натиҷаҳои интихоботи президентӣ боз дошт, Новиков иҷрокунандаи вазифаи сарвазир шуд.