Рӯзи 15 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1926 дар Ню-Йорк ширкати Эн-Би-Си пахши барномаҳояшро оғоз намуд.
Соли 1968 Конститутсияи нави Юнон ба амал баромад, ки озодии шахсро маҳдуд мекард.
Соли 1993 дар Қазоқистон асъори миллии тенге ба муомилот бароварда шуд.
Соли 1837 дар Англия аввалин китоби дарсии стенография (усули тез навиштани нутқ бо аломатҳои махсус) ба нашр расид.
Соли 1995 дар Тайланд дарозтарин парчам дар ҷаҳон омода гардид, ки қариб 8 километр дарозӣ дошт.
Рӯзи 15 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1934 дар шаҳри Душанбе корхонаи мошинтаъмиркунӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Соли 1936 аввалин маротиба пахши телевизионии бозии футбол миёни дастаҳои футболи Олмон ва Италия ба роҳ монда шуд.
Соли 1946 Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ матн ва оҳанги Суруди миллии Тоҷикистони Шӯравиро (шеъри Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдаков) тасдиқ кард.
Соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Саммити ҷаҳонӣ оид ба ҷомеаи иттилоотӣ ба Ҷумҳурии Тунис сафар кард.
Соли 2006 дар Душанбе Бунёди УрОсиё Осиёи Марказӣ ифтитоҳ шуд.
Соли 2015 Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.
Ҷашнҳои рӯзи 15 ноябр
- Рӯзи умумироссиягии даъватшавандагон.
- Дар Бразилия- Рӯзи истиқлолият.
- Дар Қазоқистон — Рӯзи асъори миллӣ.
- Дар Фаластин – Рӯзи истиқлолият.
Рӯзи 15 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1869 - шарқшинос ва муҳаққиқи Осиёи Марказӣ академик В. В. Братолд.
Соли 1939 – овозхон Гулрафтор Шаҳобова.
Соли 1943 – журналист Лутфишоҳи Додо.
Соли 1947 – нависандаи халқии Тоҷикистон, драматург Барот Абдураҳмон.
Соли 1948 – хормейстер, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов.
Соли 1953 – Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Тураева.
Соли 1954 – ҳунарпешаи театр Фирӯз Умаров.
Соли 1958 – сиёсатшинос Садмурод Фаттоҳзода.