Барфи аввал дар пойтахти Тоҷикистон субҳи рӯзи шанбе борид. Ҳавошиносон мегӯянд, сардиҳо дар рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Барфи аввал дар маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан Ожонси ҳавшиносӣ хабар дод, ки ҳарорат дар кишвар то 8-10 дараҷа пешбинӣ шуда, борон ва барф сар мешавад.
Масъулин инчунин таъкид карда буданд, ки дар баробари ин, дар баъзе ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар меғ мефарояд. Аз шаҳрвандон даъват шуд, ки зимни сафар дар чунин шароит эҳтиёткор бошанд.
IRS мегӯяд борону барф роҳи Душанбе - Чаноқро намебандад
Сокинон мегӯянд, барфи аввал пойтахтро сафедпӯш карда, гулгашту ҷодаҳоро намои афсонавӣ бахшид. Аммо аллакай дар нимаи рӯз дар бисёре аз роҳравҳо барф аллакай об шуд.