Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Табобати наздики 11 ҳазор кас аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Пресс-служба мэра Москвы / Гузариш ба медиабонкРезервный госпиталь COVID-19 в Коммунарке
Резервный госпиталь COVID-19 в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирусро эълом кард, ки мувофиқи он то имрӯз 94,4%-и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 934 нафар баробар гардид.

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 14 ноябр 11 ҳазору 573 ҳолатро ташкил медиҳад.

"Дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10934 баробар гардид", - омадааст дар хабарнома

Фарқи асосии нишонаҳои зукоми маъмулӣ аз COVID-19 гуфта шуд

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,4%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Лентаи хабарҳо
0