Гузоштани лавҳаи хотиравӣ барои сержант Амонов: бар зидди гурӯҳи Худойбердиев ҷангида буд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонГерб и флаг Таджикистана в Джабборском Расуловском районе
Герб и флаг Таджикистана в Джабборском Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Писари Маҳмадамон Амонов, Комил Амонов низ дар пайравӣ ба касби падар дар сафи МКД кору фаъолият дорад. Ӯ дар вазифаи ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Зафаробод кор мекунад

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Бо мақсади гиромидошти хотираи неки собиқ корманди мақомоти корҳои дохилӣ, сержанти калони милитсия Амонов Маҳмадамон Комилович дар назди мактаби №10, ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки номбурда таҳсилдидаи ҳамин дабистон аст, лавҳаи хотиравӣ гузошта шуд.

Нурекское водохранилище - Sputnik Тоҷикистон
Қадрдонии прапоршик Сафаров барои наҷоти духтари ноболиғ

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар чорабинӣ, ки баҳри арҷгузорӣ ба хизматҳои Маҳмадамон Амонов доир гардид, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, омӯзгорону хонандагон ва аҳли пайвандони марҳум ширкат варзиданд.

Манбаъ афзуда, ки лавҳаи ёдгорӣ бо ташаббуси созмони ҷамъиятии "Сипарони Ваҳдат" ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик гузошта шуд.

Дар рафти чорабинӣ таъкид карда шуд, ки Маҳмадамон Амонов 7-уми октябри соли 1966 дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Баъд аз хатми мактаби №10 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил шуда хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намудааст. Номбурда фаъолияти кории худро аз соли 1984 дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ оғоз ва дар самтҳои гуногуни ин мақомот то соли 1998, яъне то дами марг кор кардааст.

"Амонов соли 1998 зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҷасорат нишон дода ба муқобили гурӯҳи мусаллаҳонаи Маҳмуд Худойбердиев мубориза мебарад ва дар ин набард қаҳрамонона ҳалок мегардад. Хизматҳои ӯ бо медалу Ифтихорномаҳои зиёд қадрдонӣ карда шудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки дар идомаи чорабинӣ баромадкунандагон аз хислатҳои нек ва хизматҳои арзандаи ӯ ёдовари намуда, таъкид карданд, ки диловарию ҷоннисории чунин ҷавонон барои наслҳои оянда намунаи ибрат аст.

© Аз ВКДЛавҳаи ёдгорӣ барои сержант Амонов
Гузоштани лавҳаи хотиравӣ барои сержант Амонов: бар зидди гурӯҳи Худойбердиев ҷангида буд - Sputnik Тоҷикистон
Лавҳаи ёдгорӣ барои сержант Амонов

Айни замон писари Маҳмадамон Амонов, Комил Амонов дар пайравӣ ба касби падар дар сафи МКД кору фаъолият дорад ва идомадиҳандаи касби падар будан барои ӯ мояи ифтихор аст.

Мавсуф соли 2014 ба факултети №4 Академияи ВКД дохил шуда, соли 2019 баъди хатми муассисаи олии таълимӣ дар вазифаи ваколатдори оперативии гурӯҳи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Зафаробод кору фаъолият дорад. Дорандаи рутбаи лейтенанти калони милитсия мебошад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ба хотири гиромидошти заҳмати диловарона ва ҷоннисории Маҳмадамон Амонов ба нафъи Ватан ва зиндаву ҷовид мондани номи ӯ дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов кӯчае низ ба номи ӯ гузошта шудааст.

Ҳамчунин дар мактаби №10-и ноҳия ҷиҳати тарбияи ватандӯстии хонандагон Гӯшаи ахтарони ба номи Маҳмадамон Амонов фаъолият мебарад.

Лентаи хабарҳо
0