ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Александр Хроленко, шореҳи низомӣ. Бар асоси созишномаи сеҷониба то 13 ноябр ба Қарабоғи куҳӣ тақрибан нисфи нерӯҳои сулҳҷӯи дуҳазорнафарии Русия бо таҷҳизоти ҳарбияшон аз қабили чархболҳои Ми-24 ва Ми-8, зиреҳпӯши БТР-82А, мошинҳои зиреҳпӯши “Тигр” ва “Тайфун” ва ғайра ворид карда шуданд.
Аз оғози амалиёти сулҳсозӣ аз Уляновск ба пойгоҳи ҳавоии Эребуни 56 парвози Ил-76 ташкил шуда, беш аз 800 низомӣ, 119 номгӯи силоҳ ва техникаи низомӣ интиқол дода шуданд. Сафарбарсозии воҳидҳои низомӣ ба Степанакерт идома дорад ва ин танҳо оғози амалиёти густурда дар марҳилаи нави таърихи Қафқози ҷанубӣ мебошад.
Тасодуфӣ нест, ки ҳайати сулҳҷӯёнро мақомдори бо масъулияти низомӣ, генерали дорои таҷрибаи ҷангӣ, аз ҷумла дар Сурия, қаҳрамони Русия, Рустам Муродов фармондеҳӣ мекунад, ки аз соли 2018 то вақтҳои охир ноиби фармондеҳи ҳавзаи низомии ҷанубӣ буд.
Барои пешгирии моҷароҳо ва таъмини амнияти низомиёни Русия равобити доимӣ бо ситодҳои генералии Озорбойҷону Арманистон роҳандозӣ шудааст.
Ситоди нерӯҳои Русия дар Степанакерт якҷо бо ҷониби Арманистону Озорбойҷон ҳадди амалиёти сулҳсозиро муайян мекунад. Русия барои амният дар қаламрави ИДМ масъулияти хос дошта, бригадаи 15-уми савораи тирандоз махсус барои иштирок дар амалиёт барои таъмини сулҳу амният ба манфиати ИДМ, СММ, САҲА ва дар сурати зарурат барои СҲШ ташкил шуда буд.
Нерӯҳои сулҳҷӯи Русия аллакай самаранокияшонро нишон дода, 11 ноябр долони Лочин ва қад-қади хатти даргириро зери назорат гирифтанд. Дар ин хат 10 дидбонгоҳ барои таъмини ҳаракати мошинҳои транзитӣ ва пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ алайҳи аҳолии осоишта таъсис ёфтанд.
Маҷмӯан дар қаламрави таҳти назорат дар “Шимол” ва “Ҷануб” таъсиси 16 дидбонгоҳи назоратӣ дар назар аст. Дар хати даргирӣ инчунин пулиси низомӣ навбатдорӣ хоҳад кард. Ин чораҳо барои таъмини эътидол ва бозгашти гурезаҳо ба хонаҳояшон мусоидат мекунанд.
Рӯзҳои сангин
Ҳадди ақал тайи 5 сол амалиёти сулҳсозӣ талошҳои зиёдро талаб мекунад. Вуруди низомиён ба қаламрави даргир ҳатто нисфи кор нест. Амалан дар ҷои холӣ зарур аст, ки низоми назорату идора ташкил шавад, маконҳои муҳофизатшуда барои низомиён бунёд гарданд, Дар ҳар 16 дидбонгоҳ бояд низоми алоқа бо ҳамдигар ва фармондеҳон таъмин гардад. Захираҳои муҳофизатшавандаи маводи зарурӣ, аз ҷумла сӯзишворӣ бояд фароҳам шавад. Инчунин бояд урдугоҳҳои саҳроӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз қабили ошхона, нуқтаи тиббӣ, ҳаммому ташноб ва ғайра ташкил карда шавад.
Зимистон зиндагӣ дар хаймаҳо осон нест, аммо дар бригадаи 15-ум низомиёни таҷрибадор бо дониши хуби ҳуқуқи байналмилалии башарӣ хизмат мекунанд. Касбияту омодагии махсус кафили хизмати муваффақи сулҳҷӯёни Русия дар Қарабоғи Куҳӣ хоҳад буд. Бо назардошти ҳузури ҷангҷӯёни зархарид аз Шарқи Наздик дар минтақа зуҳури даргириҳо аз эҳтимол дур нест ва дар ин ҷо таҷрибаи ҷангии низомиён хеле муҳим мебошад.
Таҳдидҳои террористию диверсионӣ талаб мекунанд, ки хидмат дар реҷаи пурзӯр амалӣ карда шаваду бояд аз ҷангҷӯён пешдастӣ намуд.
Мумкин дар ҳолати “мухолифати яхбаста” ҷонибе талош кунад, қаламраверо зери назорат гираду кори сулҳҷӯёни Русияро низ санҷад. Таҷрибаи сулҳсозиҳои пешин нишон медиҳанд, ки дар масири ҳаракати дидбонҳо метавонанд, минаҳо насб гарданд, дастгоҳҳои таркандаи идораи фосилавӣ, бунбастсозӣ дар масири куҳӣ ва дигар иғвоангезиҳо амалӣ шаванд.
Надоштани силоҳи вазнин, аз қабили артиллерия ва маҷмӯаҳои мушакӣ хатари талафоти ҷонӣ дар қаламрави таҳти назоратро зиёд мекунад. Воқеият нишон медиҳад, ки тайни 14 соли таҷрибаи сулҳсозии нерӯҳои Русия дар минтқаи даргирии Гурҷистону Абхазистон дар ҳолатҳои гуногун беш аз 100 низомӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳатто ҷойивазкунии низомиёни бригадаи 15-ум, ки соле ду бор рух медиҳад, чун амалиёти алоҳида роҳандозӣ мегардад, ки дар он ҳар воҳиди низомӣ замону масири ҳаракати худашро медонад.
Бо назардошти вазъи баамаломада, Русия ва Туркия барои таъсиси як маркази муштараки назорат созиш карданд, ки дар қаламрави Озорбойҷон ҷойгир хоҳад буд ва фосилаавӣ иҷрои низоми оташбас дар Қарабоғи куҳиро назорат хоҳад кард.
Сарфи назар аз хоҳиши шарикони турк, дар созишномаи сеҷониба ҳузури Анқара дар амалиёти сулҳсозии Русия дар назар нест. Инро борҳо Вазорати умури хориҷии Русия таъкид кард.
Сокинони минтақаҳои Қарабоғ хонаҳои худро оташ заданд- навор
Муътадилсозии минбаъдаи вазъ дар Қарабоғи Куҳиро раванди гуфтушунид бояд кафолат диҳад, на таҷаммӯи низомиёни хориҷӣ ва дигарбора шиддат гирифтани даргирӣ.
Ҳаҷми вазифаҳои ҳалталаб дар Қарабоғ нишон медиҳанд, ки Русия боз бори гарон ва масъулияти сангинро ба дӯш гирифт, то сулҳу субот дар Қафқози Ҷанубӣ ҳифз карда шавад.