Содир Ҷабборов номзадияшро барои дарёфти курсии президенти Қирғизистон гузошт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкНовоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Содир Ҷабборов имрӯз ба Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон ҳуҷҷатҳояшро бораи ширкат дар интихоботи президентии ин кишвар пешниҳод кард

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Сарвазири Қирғизистон ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон, Содир Ҷапаров ҳанӯз истеъфо надодааст, гуфт котиби матбуотии ӯ Галина Байтерек.

Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиеев и Президент Республики Казахстан Касым-Жомарт Токаев  - Sputnik Тоҷикистон
Тавофуқи Тоқаев ва Мирзиёев барои кумак ба Қирғизистон

Ёдовар мешавем, Ҷабборов қаблан ваъда дода буд, ки рӯзи 14 ноябр ба Комиссияи марказии интихобот дар бораи номзадии худ ба президентӣ ариза пешниҳод карда, истеъфо медиҳад.

Имрӯз ӯ ба Комиссияи марказии интихобот ҳуҷҷатҳо пешниҳод кард, аммо Байтерек қайд кард, ки вай то ҳол истеъфо надодааст.

Ба иттилои сухангӯи Ҷабборов, ӯ  наздикии шом ба мардуми қирғиз муроҷиат кардаву ҳисобот медиҳад ва ҳамзамон ваколатҳои худро хоҳад супорид.

Ёдовар мешавем, ки ариза барои ширкат дар интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Қирғизистон бояд то 15 ноябр пешниҳод карда шавад.

Гирдиҳамоиҳои сиёсӣ дар Қирғизистон баъди интихоботи парлумонӣ, ки санаи 4 октябр баргузор шуд, сурат гирифт. 

Баъди истеъфои президент: санаи нави интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон дақиқ шуд

Пас аз эълони натиҷаҳо, дар Бишкек эътирозҳои тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, оғоз ёфт. Баъдтар, Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон интихоботи гузаштаро беэътибор донист ва овоздиҳии нав эълон кард ва Сооронбай Жээнбеков истеъфо дод.

Лентаи хабарҳо
0