Барфи аввал дар пойтахти Тоҷикистон субҳи рӯзи шанбе борид. Ҳавошиносон мегӯянд, сардиҳо дар рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
Барфи аввал дар маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан ҳавошиносон гуфтанд, ҳарорат дар кишвар то 8-10 дараҷа пешбинӣ шуда, борон ва барф сар мешавад.
Масъулин инчунин таъкид карда буданд, ки дар баробари ин, дар баъзе ноҳияҳо ва минтақаҳои кишвар туман мефарояд. Аз шаҳрвандон даъват карда шуд, ки зимни сафар дар чунин шароит эҳтиёткор бошанд.
Сокинон мегӯянд, барфи аввал пойтахтро сафедпӯш карда, гулгашту ҷодаҳоро намои афсонавӣ бахшид. Аммо аллакай дар нимаи рӯз дар бисёре аз роҳравҳо барф аллакай об шуда буд.
Гузориши аксӣ аз Душанбе дар рӯзи барфрезии аввалро дар гузориши тасвирии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.