Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 13 ноября
День 13 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи сездаҳуми ноябр Рӯзи байналмилалии нобиноён буда, дар Русия чун Рӯзи қӯшунҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 13 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1851 миёни Лондон ва Порис фаъолияти телеграфӣ оғоз гардид.

Соли 1945 Панама ва Эфиопия ба узвияти СММ пазируфта шуданд.

© Пресс служба президента РТЭмблема ООН, архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон  - Sputnik Тоҷикистон
Эмблема ООН, архивное фото

Соли 1993  дар Африқои Ҷанубӣ созишнома дар бораи маҳдуд кардани интихобкунандагон бекор карда шуд.

Соли 1997 дар Ҳиндустон галстуки дарозтарин дар таърихи ҷаҳон бароварда шудааст, ки 80 метру 47 сантиметр дарозӣ дошт.

Рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1932 дар Тоҷикистон расадхонаи астрономӣ таъсис дода шуд.

День 12 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 12 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намуда, дар он масоили вобаста ба вазъи корҳои тадқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии "Роғун"-ро баррасӣ намуд.

Соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Ваҳдати миллӣ ҳамчун қисми ғояи миллӣ" ҳамоиш баргузор гардид.

Соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии "Шаҳнавоз"  ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2017 паҳлавони ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар  шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор гардид, дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал ва унвони Қаҳрамони ҷаҳон гардид.

© Национальный олимпийский комитет РТ Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо
Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон  - Sputnik Тоҷикистон
Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо

Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии нобиноён.
  • Дар Русия — Рӯзи қӯшунҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ.

Рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1896 – Абдулло Ёрмуҳаммадов аввалин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

Ёрмуҳаммадов ҳамчун шахси кордида, соҳибтаҷриба ва "Комиссари оҳанин" маълум буда, 14-уми декабри соли 1924 ба вазифаи Комиссари халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъин гаштааст. Давраи роҳбарии Абдулло Ёрмуҳаммадов солҳои 1924 то 1927-ро дар бар мегирад.

Соли 1964 – шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона.

© Акс аз ФейсбукШоири мардумии Тоҷикистон Фарзона
Ҷашнҳои рӯзи 13 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон  - Sputnik Тоҷикистон
Шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона
Лентаи хабарҳо
0