ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, имрӯз дар беморхона дастгоҳҳои тақсимоти барқ пурра аз таъмир бароварда шуда, корҳои шишабиндию захираи маводи сӯхт низ ба анҷом расидаанд.
Масъулини ин муассисаи тандурустӣ таъкид доштаанд, ки беморхонаи мазкур ба хатти нави барқ пайваст буда, ҳамаи биною утоқҳо шишабандӣ гардида, бо таҷҳизоти муосири гармидиҳанда муҷаҳҳаз мебошад.
“Барои таъмини барқ дар ҳолатҳои зарурӣ ду адад муҳаррикҳои дизелиии барқдиҳанда дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд”, - таъкид доштааст масъулини ин муассиса.
Гуфта шудааст, ки дар беморхонаи мазкур ҳамаи таҷҳизоти барқӣ ва системаи гармидиҳии маркази перинаталӣ аз панелҳои офтобӣ неру мегиранд ва барои сарфаи қувваи барқ мусоидат мекунанд.