Олимон дастрасӣ ба соҳаи тиббро дар Тоҷикистон баҳогузорӣ карданд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники и пациент в отделении интенсивной терапии ковид-госпиталя
Медицинские работники и пациент в отделении интенсивной терапии ковид-госпиталя - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимон тафтиш карданд, ки то кадом андоза дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ дар Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳо осон аст

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ҷамъияти байналмилалии ташхисӣ дастрасӣ ба кӯмаки тиббиро дар 204 кишвари ҷаҳон баҳогузорӣ кард, хабар медиҳад маҷаллаи The Lancet.

Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти тандурустии Суғд нақшааш то соли 2021-ро гуфт

 Бино бар иттилои нашрия, аз соли 1990 то соли 2019 нишондодҳои самаранокии пӯшиши ҷаҳонии беҳдошт беҳбуд ёфтааст, аммо назар ба маблағгузорие, ки мешавад, хело кам аст.

Ҳангоми тартиб додани ҳисобот олимон ба 23 меъёр, ки дар ҷадвали аз 0 то 100 баҳогузорӣ мешуд, аҳамияти бештар додаанд.

Қайд мешавад, ки холҳои умумӣ бозгӯи самаранокии низоми тибби миллӣ дар табобати ин ё он беморӣ буданд.

Мувофиқи тафтишоти анҷомдодашуда, дар Тоҷикистон феҳристи умуми баҳогузорӣ ба 48  аз 100 баробар будааст.

Семёнов омори “вируси корона” – и вазорати тандурустиро дуруст меҳисобад

Нишондиҳандаи баландтарин дар кишвар дар эмкунии давраи аввали зидди сурхакон (100 холл), ваксинрасонӣ алайҳи дифтерия (93) ва ҳамчунин табобати зиққи нафас (95) ба қайд гирифта шудааст.

 Аммо дар самтҳои назорати ҳомиладорон, навзодҳо (30 холл), табобати саратони даҳонаи бачадон (36 холл), диабети қанд (34холл) ва бемориҳои шуш Тоҷикистон ақибнишин будааст.

Дар Тоҷикистон дар табобати лимфолейкоз ва сактаи майнаи сар хело мушкилиҳо ба назар мерсидааст, ки дар натиҷа олимон дар ин санҷиш ба ин самти соҳаи тандурустӣ 4 холл додаанд.

Бурду бохти соҳаи тандурустии Тоҷикистон: кадом корҳо анҷом ёфту боз чӣ дар назар аст

Дар ин феҳрист Вазорати тандурустии Ӯзбекистон 42, Туркманистон 44 ва Қирғизистон 53-холӣ гирифтаанд. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ соҳаи тандурустии Қазоқистон беҳтар будааст, ки дар ин санҷиши олимони ҷаҳон 59 холл гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0