ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Федератсияи муҳоҷирони Русия натиҷаҳои ниҳоии озмуни зебоии "Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия"-ро ҷамъбаст кард.
Узви ҳакамон намояндаи Тоҷикистон Фотима Қаландароваро зеботарин зан байни муҳоҷирон эътироф карданд, хабар доданд ташкилкунандагони озмун ба Sputnik Тоҷикистон.
View this post on Instagram
Фотима Қаландарова дар Русия таваллуд шудааст, аммо дар худ ҳувияти тоҷиконаашро нигоҳ доштааст.
"Бо камоли хушнудӣ фарҳанги бузурги ватанамро намоиш медиҳам", - гуфтааст Фотима ҳангоми иштирок дар озмун.
View this post on Instagram
Ҷои дувумро дар "Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия" намояндаи ҷумҳурии Тиваи Русия, Диана Бадирги гирифтааст.
View this post on Instagram
Бештари тамошобинон бошанд, ба ҷонибдории Комила Полотбекова, духтари муҳоҷир аз Қирғизистон овоз додаанд. Ӯро дар озмун унвони "Зебосанами писандидаи тамошобинон" додаанд.
Зебосанамҳои шарқ дар ҳафтаи муди Душанбе - видео