Чемпионҳои Тоҷикистон дар риштаи тенниси рӯи миз маълум шуданд

CC0 / Pixabay / Теннисная рокетка, архивное фото
Теннисная рокетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми чемпионати кишвар дарриштаи тенниси рӯи миз хабар дода, ғолибонро эълон намуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз баргузор шуд, ки дар натиҷа беҳтаринҳои ин намуди варзиш муайян гардиданд.

Манбаъ аз қавли директори иҷроияи Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон Сайдулло Саидамиров навиштааст, ки дар чемпионат 80 варзишгар дар ҳайати 9 дастаи мардон ва 9 дастаи занон иштирок кардаанд.

Теннисбозон, ки аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок доштаанд, барои 16 маҷмуи медалҳо рақобат карданд.

"Дар натиҷа, варзишгарони вилояти Суғд 15 медал, аз ҷумла 10 тилло, 3 нуқра, 2 биринҷӣ, шаҳри Душанбе 17 медал, аз ҷумла 5 тилло, 5 нуқра, 7 биринҷӣ, Хатлон-2 15 медал, аз ҷумла 1 тилло, 7 нуқра, 7 биринҷӣ ва Бадахшон як медали нуқра ба даст оварданд".

Дар сабқат аз рӯи ҳисоби даставӣ миёни мардон Суғд ҷои якум, Душанбе-1 ҷои дуюм ва Хатлон-2 ҷои сеюм гирифта, миёни бонувон Суғд ҷои аввал,  Хатлон-2 ҷои дуюм ва Душанбе-1 мақоми сеюмро соҳиб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0