ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои созмони ҷаҳонии беҳдошт дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари ҷаҳон аз ин беморӣ 3 047 нафар фавтиданд.
Шумори ҷонбохтагони корона дар олам ба 1 миллиону 290 ҳазору 26 нафар расид.
Бино бар иттилои манбаъ, то кунун 36 миллиону 687 ҳазору 958 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар кулли кишварҳои дунё 95 252 бемори гирифтор ба корона дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад.
Сумия Сваминатан, сарходими илмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин назар аст, ки барои бартараф намудани хатари гирифторӣ ба коронавирус бояд ҳаддиақал 70 дарсад сокинони сайёра эм карда шаванд.
Дар як шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия 19 851 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд.
Татяна Голикова, ноиби сарвазири Русия гуфтааст, ки вазъ дар сирояти ин вирус ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Зарфи 24 соати гузашта дар Қазоқистон боз 568 нафар ба коронавирус сироят шуданд. То ин замон дар ин кишвар 117 904 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 сабт шудаанд.
Шумори гирифторон ба коронавиус дар Ӯзбекистон ба 69 244 нафар расидааст. То кунун аз ин беморӣ дар кишвари ҳамсоя 592 нафар фавтиданд.