Вазорати дифоъ: даъват ба артиш дар Тоҷикистон 100% иҷро шуд

© Sputnik / Сергей ПивоваровСлужба в армии
Служба в армии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои саддарсади нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба анҷом расид, гуфт роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода.

Призывники в армию Таджикистана в Бадахшане - Sputnik Тоҷикистон
Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

Ба гуфтаи вай, имсол аллакай нақшаи артиш пеш аз муҳлат 100% иҷро шуд.

Комиссариатҳои ҳарбии тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар бораи шумораи ҷавононе, ки ба хидмат даъват шудаанд, пурра гузориш доданд.

Ҳамзамон, Маҳмадализода афзуд, ки бо вуҷуди пеш аз мӯҳлат иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, комиссияи ҷумҳуриявии даъват ва комиссияҳои дахлдор дар минтақаҳо корро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи ноябр Душанбе, минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон, нақшаро пурра иҷро карданд.

Ҳоло вилояти Суғд ба анҷоми пурраи он ҳамроҳ шуд.

Мавсим даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз ёфт ва тибқи ҷадвали муқарраршуда то 30 ноябр идома хоҳад кард.

Вазорат: Нақшаи даъват 89% иҷро шуд, касе аз “облава” шикоят накардааст

Фармони президент дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 моҳи сентябри соли 2020 ба имзо расида буд.

Лентаи хабарҳо
0