Имрӯз бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон ва АМА баргузор мешавад: ки пирӯз мешавад?

Обуна шудан
Мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми имрӯз бозии дуввуми дӯстонаашро бо яккачини Аморати Муттаҳидаи Араб дар сафар доир мекунад

ДУШАНБЕ,12 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои торномаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии яккачинҳои АМА ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи "Забил"-и Дубай, ки майдони хонагии тими  футболи "Ал-Васл" аст, доир мешавад.

Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Шикасти мунтахаби футболи Тоҷикистон аз яккачини Баҳрайн

Ба иттилои манбаъ, рақобати дастаҳо соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

ФФТ мегӯяд, дар умум ин нахустин рақобати мунтахабҳои Тоҷикистону АМА мебошад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби кишвар дар нахустин бозии расмии рафиқонааш аз тими Ӯзмекистон шикаст хурд ва ҳамзамон санаи 7 ноябр аз яккачини Баҳрайн мағлуб шуд.

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи Ӯзбекистон-видео

Дар ин сафар сармураббии миллипӯшони кишвар Усмон Тошев бо худ 25 футболбозро ҳамроҳ гирифтаст, ки аз инҳо 3 дарвозабон, 8 муҳофиз, 9 ниммуҳофиз ва 5 ҳамлагар гирифтааст.

Рақобати мунтахаби футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Мунтахаби футболи Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинги ФИФА аз даст дод

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Баҳрайн 7 ноябр ва АМА 12 ноябр аз ин қабил аст:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов ("Истиқлол"), Шоҳрух Қирғизбоев ("Локомотив-Помир"), Мухриддин Ҳасанов ("Хуҷанд");

Муҳофизон: Давронҷон Эгашев ("Бунёдкор", Узбекистон), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ҳанонов (ҳама аз "Истиқлол"), Манучеҳр Сафаров ("Локомотив-Помир"), Алишер Баротов ("Хуҷанд");

Ниммуҳофизон: Парвизҷон Умарбоев ("Локомотив", Пловдив, Булғоистон), Эҳсони Панҷшанбе ("Навбаҳор", Узбекистон), Комрон Турсунов ("ТРАУ", Ҳиндустон), Илҳом Баротов ("Истаравшан"), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз "Истиқлол"), Шервони Мабатшоев (КМВА), Абдулмумин Забиров ("Хуҷанд"), Шарафҷон Солеҳов ("Файзканд"), Хуршед Абдуллоев ("Душанбе-83");

Тошев дар бораи сатҳи омодагии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон гуфт: видео

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (ҳама аз "Истиқлол"), Тоҳир Малодустов ("Хуҷанд"), Ислом Зоиров ("Локомотив-Помир").

 

 

Лентаи хабарҳо
0