Бародарзодаи сарвазир, бинокор, соҳиби 3 диплом: мансаби нави Зариф Назирӣ

© SputnikЗариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон аз барканорӣ ва таъйини муовини раиси вилояти Суғд хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik.  Ба иттилои манбаъ, Зариф Назирӣ  Вализода муовини нави раиси вилояти Суғд таъйин гардид.

Зариф Назирӣ  то ин замон раҳбари ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар мақоми наваш Рустам Каримзодаро иваз намуд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард

Аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, эҳтимол меравад Назирӣ имрӯз дар маросими муаррифии Давлатзода Зафарбек, раҳбари нави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, пагоҳ ба ҳукумати Суғд биёяд.

Тибқи иттилои дар бораи Назирӣ Зариф Вализода нашркардаи сомонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ӯ 47 сол дошта, дар шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Соли 1988 баъди хатми синфи 8-и мактаби миёнаи №22-и ба номи Ҷабор Расулови шаҳр ба Политехникуми Осиёи Миёнагии шаҳри Чкалов дохил шуда, соли 1992 онро бо ихтисоси техник-бинокор хатм намудааст.

Минбаъд таҳсилашро дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ), Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ (бо ихтисоси ҳуқуқшинос) ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (бо ихтисоси муҳандис-мелиоратор) ғоибона идома дода, соҳиби се маълумоти олӣ гардидааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1992 дар омӯзишгоҳи касбӣ техникии №75-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси техник-бинокор оғоз намудааст.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Тағйирот дар Суғд: раисони ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Панҷакент таъин мешаванд

Солҳои 1993-1996 мушовири Ҷамъияти саҳҳомии “МОГАЛ-ЛТД”, солҳои 1996-2001 мутахассиси пешбари бонки тиҷоратии “Хуҷанд”, давоми соли 2001 корманди Нозироти андози вилояти Суғд, 2001-2002 мушовири Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Поиск”, солҳои 2002-2003 мутахассиси пешбари идораи тиҷорат ва алоқаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2004 прораби колонаи сайёри механиконидаи №20, 2004-2007 сардори Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи колоннаи сайёри механиконидаи №27, солҳои 2009-2012 сардори идораи хоҷагии оби ноҳияи Конибодом, солҳои 2012-2014 сардори идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 2014 то аввали соли 2016 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд буд.

Аз 11 январи соли 2016 бо Фармони президенти Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардидааст.

Оиладор буда, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0