Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия ба Карабоғи Кӯҳи равон шуданд – навор

Обуна шудан
Шомгоҳи душанбе 9 ноябр бо имзои тавофуқи Озарбойҷон, Арманистон ва Русия 30 сол муноқиша бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ поён ёфт

Бо имзои ин қарордод, Арманистон се шаҳри Оқдом, Лочин ва Калабҷарро дар 20 рӯзи оянда ба Ҷумҳурии Озарбойҷон пас медиҳад.

Никол Пашиниян эълом кард, ки тавофуқномаеро бо сарони Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон барои оташбас ва поён додан ба ҷанг дар минтақаи Қарабоғ имзо кардааст.

Нагорный Карабах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Поёни ҷанг дар Қарабоғ: Русия, Озарбойҷон ва Арманистон созишнома имзо карданд

Никол Пашиниян ин тавофуқномаро дарднок хонда ва гуфта буд, ки ин пирӯзӣ нест, аммо то замоне, ки шумо эътироф накунед, ки бохтаед, шикасте дар кор нахоҳад буд. Мо ҳаргиз эътироф намекунем, ки бохтаем ва ин оғози асри ваҳдати миллӣ барои мо хоҳад буд.

Оташбаси ҷадид аз бомдоди рӯзи сешанбе (10 ноябр) ба вақти Маскав вориди марҳилаи иҷро шудааст.

Бар асоси ин тавофуқ Арманистон мутаъаҳҳид шудааст 15 ноябр шаҳристони Калабҷар, 20 ноябр шаҳристони Оқдом ва  аввали декабр шаҳристони Лочинро ба Озарбойҷон пас диҳад.

Дар хати муқаддами ҷабҳа дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва дар имтидоди ҷодаи Лочин дар Қарабоғ ҳазору 960 низомӣ, 90 мошини зиреҳпӯш ва 380 худрави низомӣ аз нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия ба муддати 5 сол мустақар мешавад.

Ҳамчунин асирони ҷангӣ ва дигар боздоштшудагон ва аҷсоди афроди кушташуда мубодила хоҳанд шуд.

Даргириҳо байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбе 27 сентябр аз сар гирифта ва боиси кушта шудани шуморе аз тарафайн шуд.

Муноқиша миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1992 ба даргирии низомӣ кашид, ки дар натиҷаи ин муноқиша минтақаи Қарабоғи Кӯҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳафт шаҳристони ҳамҷавори он таҳти ишғоли неруҳои Арманистон даромад.

Лентаи хабарҳо
0