"Муждаи зафар"-и раиси ноҳияи Спитамен ба Раҷаббой Аҳмадзода

© Дафтари матбуоти раиси вилояти СуғдРаиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз номи кишоварзони ноҳия “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид.
Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз номи кишоварзони ноҳия “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз номи кишоварзони ноҳия “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Пахтакорони ноҳияи Спитамен нақшаи истеҳсоли пахтаро сарбаландона иҷро карда, ба хирман 13115 тонна пахта супоридаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

"Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нуъмонзода аз номи кишоварзони ноҳия “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонид", - менависад манбаъ.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода иштирокчиëни барқароркунии сохти конститутсиониро аëдат кард

Кишоварзони ноҳияи Спитамен соли ҷорӣ дар 6015 гектар кишти пахтаро ба роҳ монда буданд. Нақшаи истеҳсоли пахта мувофиқи ноҳия 13100 тонна буд ва он то санаи 9 ноябр 100,1 дарсад иҷро гардид.

Мастчоҳи пешқадам: нақшаи истеҳсоли пахта аз 100 дарсад ҳам гузашт

Бояд зикр кард, ки соли равон дар вилоят истеҳсоли 129500 тонна пахта дар назар дошта шуда, то имрӯз навоҳии Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов ва ҳамакнун Спитамен нақшаро пурра иҷро намуданд.

Дар навоҳии Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Зафаробод ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0