ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар Қазон як зодаи Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ, дар сари чанбараки худрави "Шевроле Круз" ба худрави дигар бархӯрд, иттилоъ медиҳад телевизиони ТНВ.
Садама дар хиёбони "Победа" ва дар кӯчаи "Родина" рух дод.
Биино бар иттилои манобеъ, худорави марди тоҷикистонӣ ба "Порше" бархӯрдааст.
"Дар пайи ин садама касе хушбахтона осеб надидааст", - менависад манбаъ.
Дар рафти тафтишот, муайян шудааст, аз аз мард сахт бӯйи алкул мекунад. Ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки аз ташхиси алкулӣ гузарад ва ӯ дарҳол розӣ шуда, гуфтааст, ки ба ҳушёрии худ боварӣ дорад.
Бархӯрди маргбор: садама дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ" ҷони ду кӯдак ва ронандаро гирифт
Вай афзудааст, ки "танҳо квас нӯшида буд".
Пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима, мошини сабабгори садамаро ба истгоҳи ҷаримавӣ равон карданд.
Маълум аст, ки ин марди тоҷикистониро 30 ҳазор рубл ҷарима кардаанд ва барои ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум намудаанд.