Чин омода аст ваксинаи худ бар зидди вируси коронаро ба кишварҳои узви СҲШ пешниҳод намояд

© REUTERS \ Dado RuvicВакцина
Вакцина  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Чин дар бистумин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт, Пекин ваксинаи коронаро дар ихтиёри кишварҳои узви ин созмон қарор хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Си Ҷинпин, роҳбари Чин, ахиран дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки тариқи маҷозӣ сурат гирифт бо ишора ба дастёбии Чин ба ваксинаи вируси корона  гуфт, ки Пекин моил аст фаъолона ниёзи кишварҳои дигар ба ваксинаро дар назар бигирад ва онро дар ихтиёри онҳо қарор диҳад.

Вакцина и экономическая поддержка: о чем говорили президенты России и Кыргызстана на встрече в Сочи - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Ваксина ва дастгирии иқтисодӣ: Путин ва Жээнбеков аз чӣ гуфтанд - видео

Роҳбари Чин ҳамчунин бо ишора ба нақшу аҳамияти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шукуфоии кишварҳои узв гуфт, ки кишварҳои узв бояд иқдомоти амалитареро барои беҳбудии ҷомеаи башарӣ анҷом диҳанд.

Си Ҷинпин таъкид кард, ки чандҷонибагароӣ саранҷом якҷонибагароиро шикаст хоҳад дод.

Бистумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи сешанбе баргузор шуд.

Дар нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай муҳимтарин мавзӯоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии минтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0