Чаҳор қарори дигари Раҳмон: тағйирот дар вазорати саноату бахши энергетикаи кишвар

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз боз чаҳор қарори дигар содир намуд. Президенти муовини вазири саноатро аз вазифааш озод карду дар бахши энержии кишвар як қатор тағйиротҳои кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Тибқи қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Рустами Содиқ Абдукаримзода бинобар вафоташ аз вазифаи муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон озод карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Президент.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки бо қарори навбатии раисҷумҳур, Асрорзода Нусратулло Саттор директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” таъин карда шуд.

Инчунин роҳбари Тоҷикистон бо як қарори дигараш Билолзода Умедҷон Ҳайдар директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таъин кард.

Тибқи қарори чаҳоруми Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон Маҳмудзода Мирзо директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ” таъин кард.

Ёдарс мешавем, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар бо имзои 11 фармон дар шаҳру навоҳии ду вилояти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Лентаи хабарҳо
0