Вазорати корҳои хориҷа гуфт, кай донишҷӯёни тоҷик метавонанд ба Русия раванд

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкСтудентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото
Студентка в аудитории Московского педагогического государственного университета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон расман талаби донишҷӯён, оид ба сафар ва идомаи таҳсил дар Русия посух дод

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия бо мақомоти марбутаи он кишвар мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.

Министр науки и высшего образования РФ Валерий Фальков - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф: Русия фақат барои донишҷӯён сарҳадро боз намекунад

"Дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати умури хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Русия, сафорати Русия дар Душанбе зикр намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба ин кишвар пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд”,-афзудааст вазорат.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин дар ёддошти ҷавобӣ таъкид шудааст, ки барои донишҷӯёни хориҷие, ки ҳоло берун аз Русия қарор доранд, барномаҳои таълимӣ дар шакли маҷозӣ (фосилавӣ) татбиқ шуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, санаи 9 ноябр дар назди Вазорати умури хориҷии кишвар иддае аз донишҷӯёне, ки нав ба донишгоҳҳои Русия дохил шудаанд, гирд омаданд.

Дар Русия афзоиши квотаҳо барои донишҷӯёни Тоҷикистонро баррасӣ доранд

Онҳо аз ин ниҳод дархост карданд, то барои сафар ва идомаи таҳсилашон ба Русия мусоидат намоянд, зеро ба гуфти онҳо имкон дорад, донишгоҳҳо онҳоро хориҷ ва ё ба соли дигар гузаронанд.

Лентаи хабарҳо
0