Низом Қосим гуфт, Баҳманёр дар мавриди ҷои дафнаш васият карда буд

© из архива БахманяраБахманяр, известный таджикский писатель
Бахманяр, известный таджикский писатель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷанозаи Баҳманёр, нависандаи маъруфи тоҷик бо мувофиқати пайвандонаш ба зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент бурда шуд

ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо тақозо ва мувофиқати пайвандони Баҳманёр қарор шудааст, ки ҷанозаи ӯро ба зодгоҳаш баранд.

"Он кас қабл аз марг васият карда будаанд, ки ҷанозаашро дар канори қабри падараш ба хок биспоранд. Мо ҳам чизе нагуфтем. Мардуми мо ба васияти пайвандон эҳтироми хос доранд. Аз сӯи дигар, қабристони Лучоб, ки бузургони адабиёти мо дафн шудаанд, қонуну қавоиди худро доштааст", - гуфт Низом Қосим.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар қабристони Лучоб он идда аҳли адаб ба хок супурда мешаванд, ки унвонҳои давлатӣ доранд, аммо Баҳманёр чунин унвон надошт.

Баҳманёр, нависандаи шинохтаи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Суқути "Шоҳи Сармаддеҳ": Баҳманёр ҳам ба Ҳақ пайваст

Дар қабристони Лучоб чеҳраҳои сиёсиву илмӣ ва адабии Тоҷикистон, назири Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Раҳим Масов ва дигарон ба хок супурда шудаанд.

Баҳманёр (Наҷмиддин Арабов), нависандаи маъруфи тоҷик, субҳи имрӯз, 10 ноябр, дар манзили худ дар маҳаллаи мавсум ба "Политехникум" - и шаҳри Душанбе дар синни 66 – солагӣ олами фониро тарк кард.

Китоби нави Баҳманёр бо номи “Турфаҳо” нашр шуд

Ӯ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Аммо ба қавли наздиконаш, ӯ дар ватани бобоиаш – деҳаи Ғазаи ноҳияи Панҷакент ба хок супурда хоҳад шуд. Лаҳзаҳое, ки ин гузориш таҳия мешуд, мошини ҳомили ҷанозаи Баҳманёр аз Душанбе озими Панҷакент шуд.

Лентаи хабарҳо
0