Бурди Тоҷикистон аз даъвати омӯзгорони рус

Обуна шудан
Бо шарофати мутахассисони рус, кӯдакон малакаи хониши худро такмил медиҳанд, ба асарҳои адабӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, дар олимпиадаҳо ширкат меварзанд ва имконияти дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии Русияро пайдо мекунанд

Дар Форуми V байнипарлумонӣ Валентина Матвиенко пешниҳод кард, ки ба ҶТ муаллимони забони русӣ фиристода шавад. Зимнан, Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори дошт, ки омӯзгорони русро барои кор дар мактабҳои кишвар даъват мекунад.

Тотальный диктант в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

Ҳамин тариқ, Лоиҳаи гуманитарии таълимии Вазорати маориф таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия ва Парлумони Тоҷикистон оғоз гардид.

Кишвардорони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин низ ҷонибдорӣ пиёда намудани ин тарҳ будаанд.

Ба ҳамин минвол, аз 18 манотиқи Русия омӯзгорони ботаҷриба гирд оварда шуда, ба 22 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои таълим додани хонандагон сафарбар гардиданд.

Коршинос Зенкович гуфт чаро омӯзгорони рус дар Тоҷикистон муваффақ шуданд

Ин омӯзгоронро Русия бо маоши корӣ таъмин мекунад. Хароҷоти роҳу хизматрасонии коммуналӣ ва таъмин кардани онҳо бо манзили зист ба дӯши Тоҷикистон вогузор шудааст.

Гуфта мешавад, аксари омӯзгороне, ки дар ин лоиҳа ширкат меварзанд, ҳавасманди идома додани фаъолияти кории худ дар Тоҷикистон мебошанд.

Аз 48 омӯзгори рус, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, давоми солҳои хониши 2019/2020, танҳо 4 нафари онҳо бо сабабҳои гуногун аз идомаи кор дар Тоҷикистон даст кашиданд.

Маълумоти бештар дар мавриди шумораи омӯзгорони рус, масъулияти онҳо ва аз кадом фанҳо толибилмони тоҷикро дарс меомӯзонанд, аз тасвирбаёни омодакардаи Sputnik Тоҷикистон бубинед.

Лентаи хабарҳо
0