Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербия барандаи медали биринҷӣ шуд. Дар интернет навори яке аз рақобатҳои Комроншоҳи Устопириён дар дар ин мусобиқа нашр шуд.
Дар ин навор Устопириён бо рақибаш аз Марокаш Шокирӣ Ал-Ҳаюнӣ қувваозмоӣ мекунад ва ӯро бо усули "дард додани даст" шикаст медиҳад.
Вале баъдан варзишкори тоҷик аз қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон Сергей Рябови рус бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.
Сипас, паҳлавони тоҷик барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон солҳои қаблӣ низ ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳои биринҷӣ гаштааст.
Чорумин медали Хушқадам Хусравов дар Чемпионати ҷаҳон
Дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо боз ду варзишкори дигари тоҷик - Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов ширкат карданд ва аввалӣ соҳиби медали биринҷӣ ва дуюмӣ сазовори медали нуқра шуданд.