Тоҷикистонӣ дар наздикии Маскав ду занро кушта кудаки шашсоларо захмӣ кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЭмблема на форме сотрудника полиции, архивное фото
Эмблема на форме сотрудника полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон дар қатли ду зан ва захмӣ шудани як кудаки шаш сола гумонбар дониста шуд

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар минтақаи Солнечногорски вилояти  Маскав дар яке аз бустонсароҳо ҷасади як зан бо модараш пайдо шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Нож в руке - Sputnik Тоҷикистон
Сокини 57 - солаи Турсунзода пас аз қатл намудани ҷияни ҷавони худ даст ба худкушӣ зад

Зани кушташуда Виктория Борковский, яке аз чеҳраҳои намоёни  донишкадаи иқтисодии Русия мебошад. Қотил духтари шашсолаи ӯро низ корд задааст, аммо хушбахтона кудак зинда мондааст. Ҳоло духтарча дар бемористон бистарӣ шудааст.

Мутаасифона модари ин духтари шашсола наҷот наёфт. Дар бораи қатли занҳо маҳз ҳамин духтарчаи шаш сола хабар додааст. Ӯ бо телефон мобилӣ бо дӯсти хонаводаашон алоқа карда, хабар додааст, ки бибиаш кушта шудаасту, модараш дар хуну халаф дар замин хобидааст.

Тибқи иттилои пешакӣ, дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон Ҷасурҷон Усмонов, ки барои корҳои сохтмонӣ ҷалб шуда буд,  айбдор дониста шудааст.  

Гуфта шудааст, ки шахси номбурда қаблан барои дуздӣ маҳкум шуда буд.

То ҳол маълум нест, ки барои чӣ ин ҷиноят содир шудааст. Аммо гуфта шудааст, ки Борковский бояд ба Усмонов барои анҷоми корҳояш пул медод.

Шояд ба ҳамин хотир миёни онҳо ҷанҷол ба миён омадааст ва ӯ баъд онҳоро ба қатл расонда тамоми пулу заргариҳоро аз хона гирифта ғайб задааст. Мақомоти тафтишотии Русия нисбати қатли ду зан ва захмӣ шудани як кудаки шаш сола, парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Лентаи хабарҳо
0