Гапаш ҳасту кораш нест: пирӯзии Байден ба Тоҷикистон чӣ асар хоҳад дошт?

© REUTERS \ Jim BourgКандидат в президенты от демократов Джо Байден
Кандидат в президенты от демократов Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, эҳтимол дорад, на танҳо рақобат бо Чинро, ки Трамп оғоз карда буд, идома диҳад, балки кишварҳои Осиёи Марказиро барои муқовимат ба Русия истифода барад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Натиҷаҳои рақобати интихоботӣ дар ИМА ба анҷом расид, ки роҳбари онро метавон феълан намояндаи демократҳо Ҷо Байден гуфт.

Шабакаҳои телевизионии Амрико аллакай пирӯзии Байденро эълон кардаанд, худи ӯ ба мардум ҳамчун президент муроҷиат кардааст. Доналд Трамп албатта метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад, аммо то кадом андоза муваффақ хоҳад шуд, суоли калон аст.

Американцы празднуют победу Джо Байдена на президентских выборах - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми давраи Трамп: шаҳрвандони Амрико чӣ гуна пирӯзии Байденро ҷашн мегиранд - видео

Байден аллакай худро пурра соҳиби Қасри сафед медонад. Ӯ ҳатто нақша дорад, ки чанде аз қарорҳои Трампро баъди аз 20 январ ба сари "тахт" нишастанаш, бекор кунад.

Афзун бар ин, раисҷумҳури тоза мехоҳад, Амрикоро ба Созишномаи иқлими Париж баргардонад, хуруҷи кишварро аз СУТ лағв кунад, ҳамчунин фавран манъи муҳоҷират аз кишварҳои мусалмониро бекор намояд.

Афзун бар ин, Байден барномаеро дубора фаъол карданист, ки ба кӯдакони дар хурдӣ ғайриқонунӣ ба Амрико воридкардашуда, имконият диҳад, дар кишвар бимонанд.

Ашраф Ғанӣ президенти тозаинтихоби Амрико Ҷо Байденро шодбош гуфт

Аммо ин пирӯзӣ дар муносибатҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ нақш дорад?  Оё Департаменти давлатӣ нуфузашро дар минтақа густурда мекунад, ё сиёсати бетарафонаро, ки бисёртар ба Трамп хос буд, идома медиҳад? Ба ин суоли Sputnik Тоҷикистон чанде аз коршиносон посух гуфтанд.

Мисли пештара

Агар дар бораи нуфузи Вашингтон гӯем, умдатан қолаби C5+1  (панҷ кишвари Осиёи Миёна + ИМА) дар назар дошта мешавад,  ки онро дипломатҳои амрикоӣ ҳамчун саҳна барои ҳалли мушкилиҳои умумии чи Амрико ва чи Осиёи Марказӣ маънидод мекунанд.

Ин кишварҳо ба ғайр аз терроризм бо Амрико чи мушкилии умумӣ дошта бошанд, номаълум аст, аммо Депортаменти давлатӣ маҳз ҳамин қолаби ҳамкориро  фаъолона тарвиҷ мекунад.

Дар навбати худ, Русия ва Чин ба қолаби C5+1, боэҳтиёт муносибат дорад ва таъкид мекунанд, ки ин саҳна - лоббибози манофеи Иёлоти Муттаҳида дар минтақа аст. Дар ҳоле ки Вашингтон баръакси Москав ва Пекин, барои амалисозии тарҳҳои муҳим маблағе сарф карданӣ нест.

Ҳамин тавр, Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кардааст, ки ИМА феълан орзуи сӯиистифода аз қолаби С5+1-ро пинҳон ҳам намекунад ва ғояҳоеро, ки ба тарҳи ба ном Осиёи Марказии бузург дахолат дорад, ташвиқ менамояд. 

Ва, бо назардошти он ки, Байден ба таври мустақим дар саршавии сохтани тарҳи С1+1 меистод, ба гумон аст, ки сиёсати амрикоиҳо дар ин самт тағйир ёбад, мегӯяд Мушовири калони Маркази таҳқиқотҳои пасошӯравии АИР Станислав Притчин. 

"С5+1 ин нақшаи пешниҳодкардаи Обама аст, ки Байден он замон муовинаш буд, барои ҳамин аз нуқтаи назари амрикоиҳо барои онҳо ин қолаби мусоиди ҳамкорӣ бо кишварҳост. Фикр мекунам, дар ин қолаб чизе тағйир намеёбад ва шояд ҳатто чизе ба он изофа шавад, ҳаммаш аз он вобаста аст, ки мансаби котиби давлатии Амрикоро кӣ соҳиб мешавад", - қайд мекунад Притчин.
Кандидат в вице-президенты от Демократической партии Джо Байден разговаривает со сторонниками - Sputnik Тоҷикистон
Ҷо Байден Доналд Трампро шикаст дод: президенти нави Амрико кист?

Байден муқобили Москав ва Пекин

Ҳатто агар Байден ва Трамп дар сиёсати дохилӣ рақибони асил бошанд ҳам, дар сиёсати хориҷӣ қариб ки як роҳ доранд. Рӯшан аст, ки дар масъалаи танишҳо бо Чин дақиқ ҳарду як сиёсат доранд. 

"Сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ аз ду мақсад иборат аст -садди нуфузи Русия ва Чин шудан, аст. Агар фарз ҳам кунем, ки Трамп мехост бо Чин ҷанги сард оғоз кунад, пас вай мебоист аз ноором кардани вазъ бо роҳи сунъӣ ва исломгароҳо истифода мекард. Зеро барои Чин ин дар як вақт ҳам "зершиками нарм" - дар бараш Синдзян ҷойгир аст, ки бисёр минтақаи муҳим аст ва ба Чин маҳз бо ҳамин роҳ карбогидрадҳо ворид мешавад ва роҳи баромадан ба Аврупо низ ҳаст", - мегӯяд коршиноси дигари рус Геворг Мирзоян. 

Чи то муносибатҳо бо Русия, ин ҷо демократҳо ҳанӯз дар интихоботи пештара Русияро ба мудохила дар корҳои ИМА муттаҳам карда буданд, шояд феълан кушиш кунанд, ки бо ҳила халос шаванд.

Дар шикасти Байден намешавад русҳоро гунаҳкор кард

"Байден шояд дар масъалаи Чин камтар манфиатдор бошад, лекин пурра аз он даст намекашад. Барои вай рақиби асосӣ дар минтақа - Русия аст. Дар ҳошияи тоб додан ба Вашингтон як каме дестабилизатсия лозим мешавад. Ва самти сиёсати минтақавии ИМА, ки минтақаи Осиёи Марказиро чун абзоре барои фишор ба Русия ва Чин баррасӣ мекунад, дақиқан тағйир нахоҳад ёфт", - тавзеҳ дод Мирзоян ба Sputnik Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, охирҳои октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи Фармондиҳии марказии Амрико генерал Кеннет Маккези масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд.

Ба наздикӣ бошад, дар Туркманистон ҳайъатҳои Амрико иштироки Кобулро дар қолаби васеи C5+1 баррасӣ карданд.

Агар Афғонистон - ки дар он ҳукумати феълӣ ба ҳар роҳ аз ақидаи Вашингтон вобаста аст, ба қолаби мазкур пайст шавад, ИМА ба таҳкими нуфузаш дар Осиёи Марказӣ як қадам наздиктар мешавад. 

Ҷо Байден ваъда дод, ки иқтисоди ИМА-ро нобуд месозад

Лентаи хабарҳо
0