ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар пайи сар задани пандемияи коронавируси нав, ҷаҳон метавонад бо хатарҳои ҷадиди глобалӣ рӯбарӯ шавад, изҳор дошт Ник Картер, сардори Ситоди мудофиаи Британияи Кабир дар суҳбат бо Sky News.
Ӯ хотиррасон кард, ки дар гузашта буҳронҳои иқтисодӣ аллакай ба мушкилот дар бахши амниятӣ оварда буданд. Генерали бритониёӣ таъкид кард, ки чунин як буҳрони амниятӣ метавонад дар пайи хисороте, ки пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ расондааст, такрор ёбад.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки аз барои мухолифатҳою даргириҳои зиёди минтақавӣ, хадафмониҳои ғалати бархе метавонанд, вазъеро ба вуҷуд оранд, ки пайомадҳои бузург хоҳанд дошт, изҳор дошт низомии Бритониёи Кабир.
Дар пайи ин рӯзноманигор аз таҳдиди сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ суол кард.
“Ман танҳо мегӯям, ки чунин таҳдид вуҷуд дорад ва мо бояд онро дар назар дошта бошем”, - таъкид намуд генерал.
Генерали Бритониёи Кабир даъват кард, ки қурбониҳои мухолифатҳои ҷаҳонии гузашта доим дар хотир нигоҳ дошта шаванд, то аз такрори он ҷилавгирӣ шавад.