Собиқ сухангӯи Департаменти Амрико мегӯяд, Доналд Трамп эҳтимол зиндонӣ шавад

© Sputnik / Александр Имедашвили / Гузариш ба медиабонкДоналд Трамп. Акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба изҳори собиқ сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, Доналд Трамп ба эҳтимоли зиёд пас аз шикас хӯрдан дар интихобот, паси панҷара равад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Сухангӯи пешини Вазорати хориҷаи Амрико аз эҳтимоли зиндонӣ шудани Доналд Трамп пас аз поёни раёсати ҷумҳуриаш хабар дод.

Джо Байден с супругой - Sputnik Тоҷикистон
Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо Ал-Арабия Адам Эрли гуфт: "Эҳтимоли ба зиндон афтодани Доналд Трамп вуҷуд дорад, зеро вай бо якчанд парвандаҳо барои ҷиноятҳои пеш аз раёсати ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Эрлӣ хотирнишон кард иттиҳомотҳои фаровоне  аз ҷумлаи "таҷовузи ҷинсӣ" ва "фирори молиётӣ" алайҳи Трамп матраҳ аст.

Халқ ҳам ҷонибдору ҳам мухолиф: Амрико натоиҷи интихоботро ҷамъбаст мекунад - акс

Шаби шанбе расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла "Си Эн Эн", "Фокс нюз", "Си Би Си", "Ассошиэйтед Пресс" ва "Ню-Йорк Таймз" бо баёни ин ки Байден тавонист 290 раъйи интихобкунандагонро соҳиб шавад, ӯро пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико эълом карданд.

Аммо, Доналд Трамп раисиҷумҳури Амрико дар вокуниш ба гузориши расонаҳои амрикоӣ дар бораи пирӯзии рақибаш аз ҳизби демократҳо таъкид кардааст, ки Ҷо Байден бо тақаллуб ва бидуни мадрак дар эъломи пирӯзӣ дар интихобот шитоб кард.

Лентаи хабарҳо
0