ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Ҷо Байденро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Амрико муборак гуфт ва ба таҳкими шарикии стратегӣ изҳори умед кард.
"Ҷо Байден, президенти тозаинтихоб ва Камала Ҳаррисро табрик мегӯям. Афғонистон умедвор аст, ки шарикии бисёрҷонибаи стратегии мо бо Амрико, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва сулҳ дар Афғонистон идома ва таҳким меёбад", - навиштааст Ғанӣ дар сафҳаи худ дар Twitter.
Ёдовар мешавем, Ҷо Байден, намоянда аз демократҳои Амрико бо дарёфти 273 раъйи ҳайати интихоботӣ ҳарифаш президентӣ феълӣ Доналд Трампро шикаст дод.
Барои пирӯзӣ ба як номзад ба мақоми президентӣ танҳо лозим буд, ки аз 538 аъзои ҳайати интихоботӣ 270 нафар дастгирӣ ёбад.
Дар аввал маълум буд, ки Байден 232 овоз ва Трамп 125 овоз мегиранд.
Аммо натиҷаи интихоботи президентиро ҳамеша иёлатҳои калобанда ҳал мекунанд, тавре ки имсол рӯй дод: Байден тавонист минтақаҳоеро, ки Трамп дар онҳо афзалият дошт, бигирад ва ба шарофати ин, ба пирӯзӣ расид.
Ҷо Байден Доналд Трампро шикаст дод: президенти нави Амрико кист?
Ёдрас мешавем, дар интихоботи президентии соли 2020 дар Амрико дар тайи 120 сол бори аввал шумораи зиёди интихобкунандагон ҳозир шуданд.
Рекорди пештара дар кишвар соли 1900 ба қайд гирифта шуда буд. Он вақт дар интихобот 73, 7 дар сади интихобкунадагон ҳозир шуда буданд, ин дафъа 66,9 дар сади сокинони Амрико дар интихобот иштирок карданд.