ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Озорбойҷон зимни суханронӣ тариқи телевизиони давлатӣ аз зери назорат гирифтани шаҳри Шуша хабар дод.
“Шаҳри Шуша аз ишғолгарон озод карда шуд”, - изҳор доштаст Алиев зимни муроҷиаташ ба мардум, ки тариқи АЗТВ нашр шуд, навиштааст РИА Новости.
Аммо Артсрун Ованнисян, намояндаи Вазорати дифои Арманистон, изҳор дошт, ки даргириҳо дар шаҳр ҳанӯз идома доранд.
Шуша дуюмин шаҳри калонтарин дар ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи куҳӣ мебошад. Қаблан дар Қарабоғи куҳӣ хабар дода буданд, ки даргириҳои шадид атрофи Шуша идома дошта, низомиёни Озорбойҷон шаҳрро мавриди тирпаронӣ қарор додаанд.
Вазорати умури хориҷии Арманистон амали Бокуро ҷинояти низомӣ хонд. Дипломатҳои Озорбойҷон дар навбати худ ба тирборон кардани шаҳри Барда таъкид карданд, ки дар натиҷаи он на кам аз 19 нафар ҳалок шуданд.
Даргириҳои ҷадид дар Қарабоғи куҳӣ 27 сентябр шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар нақзи созишҳо айбдор карданд.