Тирамоҳи гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Амир ИсаевБотанический сад Боги Ирам
Ботанический сад Боги Ирам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 25 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 10-15 сард, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Площадь Сомони в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши борон дар назар аст

Ҳаво дар вилояти Суғд  ҳавои камабри бебориш назар дошта шудааст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11 гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4, рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0