ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон дар вилоят иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,4 дарсад таъмин гардидааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ба буҷети кишвар 712 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр кардааст, ки дар нимсолаи аввали соли 2020 бонкҳои вилоят барои тараққиёти соҳаҳои кишоварзӣ 241,8 миллион, саноат, сохтмон ва нақлиёт 178 миллион, савдои яклухт ва чакана 141 миллион, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 4,3 миллион ва дигар соҳаҳо 113,3 миллион сомонӣ равона карданд, ки, дар маҷмӯъ, нисбат ба соли гузашта 33 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Хатлон вобаста ба таъсири пандемияи вируси корона ба иқтисоди вилоят таъкид доштааст, мақомот дар аввал ба ҳифзи саломатии мардум таваҷҷуҳ дорад
“Албатта, авлавият ба ҳифзи саломатии мардум дода мешуд, зеро ҳар қадар аҳолӣ камтар сирояту бемор шаванд, ҳамон андоза қувваи корӣ фаъол мемонад. Ва гумон мекунам, маҳз чунин стратегия омили муҳими пешравӣ дар аксар соҳаҳо гашт”, - қайд кардааст раиси вилояти Хатлон.