Медали биринҷии Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷаҳон

Обуна шудан
Варзишкори номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо мақои сеюмро аз худ кард

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Нови-Сади Сербия ҷараён дорад, барандаи медали биринҷӣ шуд.

Дар ин бора "Варзиш ТВ" хабар медиҳад.

Бино ба гузориши манбаъ, Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило дар ду қувваозмоӣ пирӯз шуда, яктои онро бохт.

Коронавирус: Сомон ва Комроншоҳ ба мусобиқаи Grand Slam нарафтанд

Ӯ дар нахустин рақобаташ Шокирӣ Ал-Ҳаюниро аз Марокаш бо усули "дард додани даст" шикаст дод, вале баъдан аз қаҳрамон чандкаратаи ҷаҳон Сергей Рябови рус бо ҳисоби 1:2 мағлуб гашт.

"Сипас, паҳлавони тоҷик барои ҷойи сеюм бар Ярослав Давядчук аз Украина бо ҳисоби бузурги 6:0 дастболо шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт", - омадааст дар хабарнома.

Мақоми Сомону Беҳрӯз ва Комроншоҳ дар радабандии ҷаҳонӣ оид ба дзюдо маълум шуд

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни калонсолон солҳои қаблӣ низ ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳои биринҷӣ гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0