ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон барои изҳори ҳамдардӣ ба сафорати Афғонистон дар Душанбе рафт.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе, дафтари ёдбуди шаҳидони ҳамлаи террористии Донишгоҳи Кобулро имзо кард.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи ИРНА, Муҳаммадтақии Собирӣ- сафири Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузур дар сафорати Афғонистон дар шаҳри Душанбе, бо давлату миллати Афғонистон ибрози ҳамдардӣ кард.
Занги Раҳмон ба Ғанӣ баъди ҳамлаҳои террористӣ ва ваъдаи пуштибонӣ
Се муҳоҷими мусаллаҳ рӯзи душанбе бо вуруд ба Донишгоҳи Кобул пас аз таркиши бомб, шуморе аз донишҷӯёни ин донишгоҳро ба рагбор бастанд, ки дар паи ин ҳамлаи террористӣ 22 донишҷӯ кушта ва беш аз 40 нафар захмӣ шуданд.