Дар Қазоқистон ваксинаҳои зидди коронавирусро месанҷанд

© Sputnik / Георгий Зимарев / Гузариш ба медиабонкМедсестра держит в руках ампулу с вакциной "Гам-Ковид-Вак"
Медсестра держит в руках ампулу с вакциной Гам-Ковид-Вак - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Қазоқистон чор навъи ваксина алайҳи коронавирус коркард шудааст. Озмоиши клиникии ду ваксин то охири ҳамин сол анҷом меёбад

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Нахустин ваксинаи зидди коронавиус дар Қазоқистон - NARUVAX C-19, унвон гирифт иттилоъ медиҳад "Хабар 24".

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Қазоқистон чор ваксинаи зидди коронавирусро сабти ном кард. Дутои онҳо то ҳол аз озмоиши клиникӣ дар бадани ҳайвонот дар Маркази илмии инфексияҳои хатарноки ба номи Айкимбоева санҷида мешаванд.

Медсестра держит в руках ампулу с вакциной Гам-Ковид-Вак - Sputnik Тоҷикистон
Барои эҳтиёт: дастури Бердимуҳаммадов барои харидории ваксина алайҳи COVID-19

Путин дар бораи 2 ваксинаи русии зидди COVID-19: сеюмаш дар ҳоли омодашавист

Ин ваксинаро дар Маркази байналмилалии назди Донишгоҳи аграрӣ коркард кардаанд.

Озмоиши клиникии ваксина дар пеш аст. То ҳоли ҳозир натиҷаи хуб ба даст омадааст: ваксина антителае коркард, ба муддати тӯлонӣ баданро аз хатар эмин нигоҳ медорад.

Ваксина дигари истеҳсоли Қазоқистон  NARUVAX C-19/nano ном дорад.

Ин ваксина дар ҳамкорӣ бо олимони донишгоҳи иёлоти Огайо омода шудааст.

Дар Ӯзбекистон озмоишҳои клиникии ваксинаи чинӣ алайҳи COVID-19 гузаронида мешавад

Вижагиҳои ин ваксина дар он аст, ки онро на чун сӯзандорӣ, балки ҳамчун қатра ба бинӣ ворид менамоянд.

Ҳамин тавр бехатарӣ ва самаранокии ваксина дучанд мегардад.

Лентаи хабарҳо
0