Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ новобаста аз таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёт

Обуна шудан
Новобаста аз таъсири манфии COVID-19 ба иқтисодиёти Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар ҳамаи соҳаҳои саноат таъмин гардидааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои вазорати саноати Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми истеҳсолот дар саноат ба 21 миллиарду 153,2 млн сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 110,7 фоиз ё ба маблағи 2 млрд 423,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон
Шералӣ Кабир - вазири нави саноат кист? донандаи 3 забон, падари 5 фарзанд

Инчунин манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давра ба маблағи 19 млрд 162,6 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ба фурўш бароварда шудааст, ки  он  90,6 фоизи маҷмуи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи соҳаи саноат дар таркиби Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра ба андозаи  0,2 фоиз афзоиш ёфта, 17,9 фоизи  онро ташкил дод.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи соҳибкорон 106 корхона ва 87 коргоҳ сохта шудааст.

“Дар давраи ҳисоботӣ дар саноат 106 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла дар соҳаи саноати хўрокворӣ 37 корхона, саноати сабук 26 корхона, соҳаи масолеҳи сохтмон 20 корхона, мошинсозӣ 15 корхона,  саноати маъдан 2 корхона ва дар соҳаҳои дигари марбут ба саноат  6 корхона ба истеҳсолот оғоз карданд, ки 691,0 миллион сомонӣ ё 3,3 фоизи маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз ҳисоби ин корхонаҳои навтаъсис  истеҳсол шудааст”, - қайд кардааст вазорати саноат.

Лентаи хабарҳо
0