Вирусолог сабабҳои дубора сироят ёфтан ба коронавирусро гуфт

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЭкспресс-тестирование на COVID-19 в аэропорту Внуково
Экспресс-тестирование на COVID-19 в аэропорту Внуково - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вирусолог Анатолий Алтштейн гуфт, ки кадом омилҳо метавонанд ба сирояти такрорӣ ба коронавирус оварда расонанд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Вирусолог Анатолий Алтштейн, профессори Маркази илмии эпидемиология ва микробиологияи Гамалея омилеро, ки ба сирояти дубора ба коронавирус таъсир мекунад, гуфт.

Тестирование на антитела к коронавирусу - Sputnik Тоҷикистон
Антителаҳо одамро чанд муддат аз коронавирус ҳифозат мекунанд: шарҳи олимон

Ба гуфтаи ӯ, сирояти дубора ба коронавирус, усулан имконпазир аст.

Аммо, ба гуфтаи профессор, бори дуввум ин беморӣ камтар рух медиҳад.

"Шахсе, ки аз коронавирус ранҷ кашидааст, бояд тамоми чораҳои эҳтиётиро ба мисли як одами солими бемор нашуда риоя кунад. Ҳатто чунин сирояти такрорӣ метавонад, ҳарчанд кам, вале шадидтар аз аввалин бошад", - шарҳ дод вирусшинос дар суҳбат ба радиои Sputnik.

Муҳофизати асосӣ аз коронавирус иммунитети табиии инсон аст.  Вобаста аз он, ки вокуниши иммунӣ ҳангоми беморӣ чӣ гуна буд, эҳтимолияти сирояти такрориро тахмин кардан мумкин аст, гуфт вирусшинос.

Агар ҳангоми сирояти аввал иммунаи бадан паст буд, пас шахс метавонад дубора бемор шавад.

Ин вазъ метавонад инчунин бо шакли бенишонаии беморӣ инкишоф ёбад.

Олимони Ҷопон нишон доданд, ки коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад - навор

Қаблан Маркази тиббии Маунт Синайи иёлати Ню-Йорки ИМА натиҷаҳои таҳқиқоти мутахассисонашро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, антителаҳои COVID-19 дар бадани одами сиҳатшуда то панҷ моҳ боқӣ мондаанд, менависад Science.

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

Ин давраи "зиндагӣ" дар сурате имконпазир аст, ки бемор ба бемории сабук ё миёна гирифтор шуда бошад.

Лентаи хабарҳо
0