Наҳанги азимҷусса ду духтарро фурӯ бурд? навори даҳшатбор, ки корбаронро шокӣ кард

Обуна шудан
Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро аз тамошои ин навор шокӣ шуданд. Дар навор чунин ба назар мерасад, ки наҳанги азимҷусса ду духтарро фурӯ бурд

Ҳодисаи ҳайратангез рӯзи 2 ноябр дар соҳили Авила Бичи Калифорния рух додааст, хабар медиҳад FOX26.

Ба иттилои манбаъ, ду ҷавондухтари амрикоӣ Ҷулӣ МакСорли ва Лиз Коттриэл бо қаиқ ба тамошои наҳангҳои қумбонӣ рафтанд. Онҳо тақрибан нӯҳ метр аз наҳангҳо дуртар буданд.

Попытка кита проглотить дайвера попала на видео - Sputnik Тоҷикистон
Наҳанг шиноварро фурӯ бурда баъдан ӯро пуф кард – видео

Дар навор маълум аст, ки яке аз наҳангҳо баногоҳ ба духтарҳо наздик шуда, даҳонашро воз намуда духтаронро бо қаиқашон чаппа кард.

Дар наворҳо, ба назар чунин мерасад, ки ӯ духтаронро фурӯ бурдааст, аммо дарвоқеъ, наҳанги азимҷусса онҳоро ба канор партофтааст. Хушбахтона, занони амрикоӣ осеб надиданд.

Зимнан, навори мазкур зуд ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Корбарон зери навор навиштаанд, ки ҳар ду духтар ба таври мӯъҷизавӣ аз фоҷиа ҷон ба саломат бурданд.

Лентаи хабарҳо
0