ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Пули миллии тоҷикӣ - сомонӣ дар пасманзари болоравии қурби асъори маъмули хориҷӣ дар кишвар коҳиш ёфта истодааст.
Танҳо давоми чанд рӯзи ҳафтаи равон доллару евро ва рубл чанд зина боло рафт.
Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 11.3000 то 11.3400 сомонӣ арзёбӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки тибқи нишондоди рӯзи душанбе 1 доллар 10.3398 сомонӣ арзиш дошт
Асъори аврупоӣ низ дар ҳоли суқут набуда ҳамарӯза дар баробари сомонӣ боло меравад.
Бар пояи нишондоди Бонки миллӣ имрӯз як евро 13,3555 сомонӣ арзиш дорад. Сар аз аввали ҳафта 1 евро 12.0707 сомонӣ арзиш дошт.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта евро 12,1354 сомониро ташкил медод.
Рубли русӣ низ пас аз коҳишёбии шадид, дубора дорад боло меравад.
Як рубли русӣ дар овезаи Бонки миллӣ барои имрӯз 0.1446 сомонӣ нишон дода шудааст.
Рубли русӣ аз оғози ҳафтаи равон ба таври рекордӣ беш аз 14 сомонӣ афзудааст.
Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?
Тасмими якбора боло бурдани арзиши асъори хориҷиро Бонки миллии Тоҷикистон шарҳ дода гуфтааст, ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз муомилаҳо дар "бозори сиёҳ" ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар гирифта шуд.
Бонки миллӣ гуфт, чаро нархи равғану шакар қиммат шуд: боз гарон мешавад
Бино ба додаҳои гуногуни ғайрирасмӣ, рӯзҳои ахир дар "бозори сиёҳ" табодули асъори Тоҷикистон як доллар ба 11 сомониву 25 дирам ва як рубл ба 14,2 дирам мубодила мешуданд.