"Ин кори Амрико нест": назари сиёсатшинос дар бораи талаботи Амрико ба киштиҳои Русия

© © Фото : Пресс-служба Восточного военного округаБольшой противолодочный корабль Адмирал Пантелеев в порту Лимасол
Большой противолодочный корабль Адмирал Пантелеев в порту Лимасол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷаи Русия ба талаботи Амрико нисбати Кипр дар мавриди роҳ надодани киштиҳои баҳрии Русия ба бандарҳояшон посух дод

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дар барномаи радиои Sputnik профессори Мактаби олии иқтисодӣ (МОИ) Олег Матвейчев таъкид кард, ки чунин фишори Вашингтон қобили қабул нест.

Русия киштиҳои Украинаро, ки дар гулугоҳи Керч дастгир шуда буданд баргардонд - Sputnik Тоҷикистон
Русия киштиҳои Украинаро, ки дар гулугоҳи Керч дастгир шуда буданд баргардонд

Намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова иддаои ёвари котиби давлатии Амрико оиди масъалаҳои ҳарбӣ - сиёсӣ Кларк Купер дар мавриди роҳ надодани киштиҳои Русия ба бандарҳои Кипр шарҳ дод.

Қаблан Купер гуфта буд, ки Амрико аз он норозист, ки Кипр барои боздоштани вуруди киштиҳои ҷангии Русия ба бандарҳояш иқдом намекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати рад кардани вуруди киштиҳои Русия, ҳамкории Амрикову Кипр дар соҳаи мудофиа бештар тақвият меёбад.

Русҳо даҳто доранд, мо танҳо дуто: Амрико дар чӣ аз Русия хело қафо мондааст

Ба гуфтаи Захарова, ин бори аввал нест, ки Маскав мушоҳида мекунад, ки чӣ гуна Вашингтон ҳамчун шарти пешакӣ барои рушди ҳамкорӣ бо ин ё он кишвар, коҳиши ҳамкориҳояш бо Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуногунро ба миён мегузорад.

"Ин равиш ба ҳуқуқи ҷудонашавандаи ҳар як давлат барои пешбурди сиёсати мустақили хориҷӣ мухолиф аст", -  гуфт Захарова дар як брифинг.

Дар эфири радиои Sputnik сиёсатшинос, профессори МОИ Олег Матвейчев таъкид кард, ки чунин фишори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қобили қабул нест.

"Ду давлати соҳибихтиёр мавҷуданд: Русия ва Кипр, ки байни худ дар асоси манфиати тарафайн амалҳои муайянеро анҷом медиҳанд. Бо киштиҳо, ё бидуни киштиҳо, ин кори Амрико нест. Иёлоти Муттаҳида бо ин амалаш  ба кори на як давлат, балки якбора ду давлат мудохила мекунад, яъне ҳам Русия ва ҳам Кипр, ки ин ғайри қобили қабул аст. Худи Иёлоти Муттаҳида намегузоранд, ки давлате ба умури дохилии онҳоро дахолат кунад. Ҷавоб ба изҳороти Амрико бояд танҳо беэътиноӣ бошад. Агар онҳо бешармона чунин иддаҳоро ироа мекунанд, зарур аст, ки афкори онҳоро сарфи назар кард", - таъкид намудааст Олег Матвейчев.
Лентаи хабарҳо
0