ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Сӯхтори даҳшатбор дар як хонаи хусусӣ дар вилояти Смоленск рух дод, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Кумитаи тафтишотии ин вилоят.
Ба иттилои манбаъ, оташсӯзӣ соати 00:30 дақиқа рух дода, қаблан аз ҳалокати танҳо 4 нафар хабар дод шуд.
"Пас аз хомӯш кардани алангаи оташ, дар ҷойи ҳодиса ҷасади 5 кӯдак ва ду одами калонсолро дарёфт намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, дар ин ҳодиса танҳо соҳибхонаи 27 - сола зинда монд, аммо ӯ низ бо сӯхтагии вазнини бадан дар бемористон бистарӣ аст.
Русия Далеру Фирдавсро қадрдонӣ кард: барои наҷоти кӯдакон аз сӯхтор ҷоиза гирифтанд
Маълум гардидааст, ки миёни ҳалокшудагон модар бо чор фарзанди худ ва ҳамчунин хешдухтари онҳо бо писари ноболиғаш ҷон бохтанд.
Алъон, омили сар задани сӯхтор номаълум буда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.