Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Бори нахуст: мубталошавии 20 000 нафар дар Русия ба коронавирус давоми як рӯз

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкСитуация с коронавирусом в городах России
Ситуация с коронавирусом в городах России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз замони авҷи ин маризӣ дар Русия, шабонарӯзи гузашта барои нахустин маротиба ҳолатҳои нави гирифторшавии одамон ба беш аз 20 ҳазор расид

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik.  Шабонарӯзи гузашта дар Русия 20 582 мавориди ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид, хабар медиҳад Ситоди фаврии коронавирус дар ин кишвар.

Врач в палате  - Sputnik Тоҷикистон
Омори ҷадиди сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, бо илова шудани ҳолатҳои нави сироятшавӣ, теъдоди умумии мубталоёни коронавирус ба 1 733 440 нафар баробар шуд.

"Дар 85 манотиқи Русия дар 24 соати ахир? 20 582 нафар тоза мубталои коронавирус гардидаанд, ки 27 дарсад аз ин шумора бидуни аломат мариз мебошанд", - таъкид мешавад дар хабар.

389 фавт ва зиёда аз 19 000 мариз дар як рӯз: вазъи ташвишовари коронавирус дар Русия

Зимнан, дар як шабонарӯзи охир, дар Русия 378 нафар аз маризии коронавирус ба ҳалокат расиданд. Шумораи умумии қурбониёни ин дард дар Федератсияи Русия 29 887 нафарро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0